МУНОСИБАТҲОИ НАЗАРИЯВӢ ДОИР БА АМАЛИГАРДОНИИ СИЁСАТИ МОНЕТАРӢ

Rok vydání: 2022
Předmět:
DOI: 10.24412/2411-1945-2022-1-5-12
Popis: Назарияҳои асосии сиёсати монетарӣ дар шароити муосир баррасӣ шудааст. Таҷрибаи ҷаҳонии коркард ва амалигардонии сиёсати монетарӣ нишон медиҳад, ки он асосан ба як қатор назарияҳое, ки дар аввали асри ХХ коркард шудаанд ва дурустии худро дар шароитҳои мухталифи таърихӣ исбот намудаанд, такя мекунад. Дар натиҷаи тадқиқи асосҳои назариявии сиёсати монетарӣ муайян карда шудааст, ки дар амалигардонии он дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми таҷрибаи андӯхтаи ҷаҳонӣ такя намуда, ин ё он муқаррароти назариявиро вобаста ба шароитҳои воқеии иҷтимоӣ-иқтисодӣ татбиқ кардан ба мақсад мувофиқ аст. Таҳқиқ собит намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни бахшҳои молиявӣ ва воқеӣ тафриқа мушоҳида мешавад. Чорабиниҳои ба принсипҳои консепсияи монетаристӣ асосёфта ба баланд бардоштани фаъолнокии инвеститсионӣ дар иқтисодиёти миллӣ мусоидат намекунанд. Бинобар ин дар шароити муосир аз тадбирҳои қатъии монетаристӣ даст кашида, механизмҳои сиёсати монетарии ҳавасмандгардонандаи сармоягузорӣ, тавсеаи истеҳсолотро пеш гирифтан лозим аст, ки ба куллӣ аз ӯҳдаи коҳиш додани сатҳи таваррум мебароянд ва ба амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамоянд.
The article dwells on principal approaches towards monetary politics under contemporary conditions. The practice of elaboration and realization of monetary politics shows that it proceeds mainly from a number of theories, Keynsian and classical ones inclusive. Following the results obtained through the studies of the theoretical ground of monetary policy it was determined that the latters having been developed at the beginning of the XX-th century proved their justifiability under certain historic conditions of Tajikistan Republic; one should bear in mind all accumulated world experience when applying these or those theoretical provisions respective of real social-economic circumstances. The research showed that in Tajikistan Republic there is a rupture between financial and real sectors of economy. All the measures based on the principles of monetary theory don’t promote any rise of investitive activeness in national economy. Therefore, under modern conditions one ought to refuse from tough monetarism and be guided with the mechanism of monetary politics stimulating investitures and extension of production, as the formers are able to cope with inflation level reduction and they promote an effectuation of the fourth national strategy, that of accelerated industrialization of national economy.
Databáze: OpenAIRE